⚽️ Арзиши футболи Тоҷикистон ба 22 миллион евро расид. Портали Transfermarkt раддабандии навшудаи худро нашр кард: «Истиқлол» ҳамоно гаронарзиштарин бошгоҳ боқӣ монда, арзиши ҳайати он 4,2 миллион евроро ташкил медиҳад, ки қариб ду баробар бештар аз наздиктарин рақибонаш аст. Аммо ҳодисаи ҷолибтарин — пешрафти «Ҳосилот»-и Фархор мебошад, ки бо шарофати тақвияти ҷиддии ҳайаташ бо арзиши 2,65 миллион евро ба ҷойи дуюм баромад.
Дар ҷойи сеюм «Баркчӣ» қарор дорад — ҷавонтарин даста дар миёни пешсафон, ки синни миёнаи бозигаронаш ҳамагӣ 21,8 солро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, «Хуҷанд», ки яке аз бошгоҳҳои пурунвони кишвар ба шумор меравад, то ҷойи даҳум поён рафтааст ва арзиши ҳайати он ҳамагӣ як миллион евро арзёбӣ шудааст.
Лига рушд мекунад: арзиши миёнаи ҳар як бозигар ба 80 ҳазор евро расида, панҷ бошгоҳ аллакай аз марзи ду миллион евро гузаштаанд. Аммо тамоюли асосӣ на танҳо маблағҳои «Истиқлол», балки он аст, ки рақобат миёни дастаҳо торафт бештар мешавад. «Ҳосилот», «Баркчӣ» ва дигар бошгоҳҳо ба пешсаф наздик мешаванд ва ҳамин омил чемпионатро ҷолибтар мегардонад.
Бо вуҷуди ин, фосилаи байни пешсафон ва дастаҳои ақибмонда ҳанӯз ҳам хеле бузург аст, ки ин мушкили умумии лигаҳои хурд ба ҳисоб меравад. Аммо агар боз чанд бошгоҳи дигар низ ба сатҳи пешсафон наздик шаванд, чемпионати Тоҷикистон метавонад воқеан рақобатпазир гардад.
🔻🔻🔻
🔄 Таджикский футбол подорожал до 22 миллионов евро. Transfermarkt обновил рейтинг: «Истиклол» по-прежнему самый дорогой клуб — 4,2 миллиона, почти вдвое дороже преследователей. Но главная сенсация — «Хосилот» из Фархора, который ворвался на второе место с 2,65 миллиона евро благодаря мощному усилению состава.
Третьим идёт «Баркчи» — самая молодая команда среди лидеров, средний возраст 21,8 года. А вот «Худжанд», один из самых титулованных клубов, скатился на десятое место — всего миллион евро за состав.
Лига растёт: средняя стоимость игрока достигла 80 тысяч евро, пять клубов перешагнули отметку в два миллиона. Но главный тренд — это не деньги «Истиклола», а то, что конкуренция уплотняется. «Хосилот», «Баркчи» и другие дышат в спину, и это делает чемпионат интереснее.
Правда, разрыв между лидерами и аутсайдерами по-прежнему колоссальный, и это общая болезнь небольших лиг. Но если ещё пару клубов подтянутся, чемпионат Таджикистана может стать по-настоящему конкурентным.