Вақте киштии мо мешиканад…
Лаҳзае дар Қуръони Карим, дар сураи Каҳф, вуҷуд дорад, ки бисёре аз мо онро тиловат мекунем, аммо камтар дар он амиқтар меандешем.
Он замонест, ки ҳазрати Хизр (а) киштии гурӯҳе аз мардумони камбизоатро, ки бо он ризқу рӯзӣ меёфтанд, осеб мерасонад. Вақте ҳазрати Мусо (а) ин манзараро мебинад, ҳайрон мешавад ва мепурсад:
Чаро ба касоне, ки ҳеҷ гуноҳе накардаанд, зарар мерасад?
Баъдан Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ҳикмати онро ошкор месозад:
Аммо он киштӣ аз они гурӯҳе фақир буд, ки дар баҳр кор мекарданд. Ман хостам онро маъюб созам, зеро подшоҳе дар пеши рӯяшон буд, ки ҳар киштии солимро ба зӯр мегирифт. (Сураи Каҳф, ояи 79)
Бародар ва хоҳари мусулмон, худро ҷойи он хонавода тасаввур кун… Киштии ту, василаи ризқат, осеб дидааст. Ба сӯи Аллоҳ рӯ меорӣ ва мепурсӣ: Чаро?
Ман ба ин ниёз доштам… барои он дуо карда будам… барои он талош карда будам…
Шояд эҳсос кунӣ: Чаро фурсати ман аз даст рафт? Чаро дуоям он гуна ки мехостам, мустаҷоб нашуд?
Аммо ҳамон тавре ки ҳазрати Мусо (а) намедонист, мо низ бисёре аз он чиро ки дар пеш аст, намебинем. Мо зиёнеро, ки Аллоҳ моро аз он нигоҳ медорад, намебинем.
Он киштии осебдида як зарар набуд, балки як муҳофизат буд.
Аллоҳ таъоло дар ҳикмати худ чунин хост: • то золим онро нодида гирад, то он хонавода ҳамон андак дороии худро ҳифз кунанд ва баъдан тавонанд онро дубора таъмир намоянд.
Ба ҳамин монанд, шояд чизе ки ҳоло дар зиндагии ту шикаста ба назар мерасад, дар асл туро аз чизе хеле бадтар наҷот медиҳад.
Аллоҳ таъоло дар ҷои дигаре аз Қуръон мефармояд: Чӣ басо чизеро нохуш доред, дар ҳоле ки барои шумо хайр аст, ва чӣ басо чизеро дӯст доред, дар ҳоле ки барои шумо шар аст. Аллоҳ медонад ва шумо намедонед. (Сураи Бақара)
Пас агар киштии зиндагият шикастааст, бовар дошта бош, ки Аллоҳ чизеро мебинад, ки ту намебинӣ. Бовар дошта бош, ки тадбири Ӯ меҳрубонтар аз тадбири туст. Бовар дошта бош, ки таъхир, маҳрумият ё аз даст додан, бе ҳикмат нест. Пас ба дуо кардан ва талош идома деҳ.
Зеро Аллоҳ таъоло ваъда додааст: Бешубҳа Аллоҳ подоши некӯкоронро зоеъ намесозад. (Сураи Тавба)
Талошҳоят, дуоҳоят ва сабрат, ҳеҷ кадом бенатиҷа нахоҳанд буд…
АЗ ҲАР ЗОВИЯ