Зимни баргузории амалиётҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ду нафар ноболиғ, сокинони 12-солаи пойтахт, барои машғул шудан ба оворагардӣ ва талбандагӣ чандин маротиба ба шуъбаҳои милитсия дастрас гардидаанд.
Бо мақсади фаро гирифтани ноболиғон ба таҳсилу тарбия ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушду камоли онҳо, волидайни номбурдагон қаблан чандин маротиба ба таври қатъӣ огоҳонида шуда буданд. Аммо, тавре мушоҳида мегардад, волидайни ин наврасон дар иҷрои уҳдадориҳои падару модарӣ саҳлангорӣ намуда, кӯдакони хурдсолро ба машғул шудан ба оворагардӣ ва талбандагӣ водор сохта, маблағҳои аз ин роҳ бадастовардаро ба манфиати шахсии худ истифода мебурдаанд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати волидайни ин ду кӯдак талаботи моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуд.
Бо Қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кӯдакон аз тарбияи волидайни худ гирифта шуда, ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе ҷойгир карда шуда, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
В ходе проведения проверочных мероприятий сотрудниками Отдела предупреждения и профилактики правонарушений среди несовершеннолетних и молодежи Управления МВД по городу Душанбе были установлены двое несовершеннолетних — 12-летние жители столицы, которые неоднократно доставлялись в отделы милиции за бродяжничество и попрошайничество.
С целью привлечения несовершеннолетних к обучению и воспитанию, а также создания благоприятных условий для их дальнейшего развития, родители указанных детей ранее неоднократно были строго предупреждены. Однако, как было установлено, родители проявили халатность при исполнении своих родительских обязанностей, вовлекая малолетних детей в бродяжничество и попрошайничество, а денежные средства, полученные таким путем, использовали в личных целях.
С учетом вышеуказанных обстоятельств, в отношении родителей данных детей были применены требования статьи 73 Семейного кодекса Республики Таджикистан.
Решением суда района Сино города Душанбе дети были отобраны у родителей и помещены в среднюю общеобразовательную "Школу-интернат №1 для детей-сирот и детей, оставшихся без попечения родителей" города Душанбе, где они были охвачены обучением и воспитанием.